Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

ХАБАРҲО



"Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ” (Global Money Week) “Моҳи саводнокии моливӣ “

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба "Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ” (Global Money Week) “Моҳи саводнокии моливӣ “ аз тарафи ҶСК "Бонки Эсхата" бо иштироки донишҷӯёни ин муассисаи давлатии таълимӣ баргузор гардид.

ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ.

МАШҚҲОИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР КОЛЛЕҶИ ЭНЕРГЕТИКИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Субҳи имрӯз 19.04.2024 дар коллеҷи энергетикиӣ ҳудуди 150 нафар омӯзгор ва донишҷӯёни ин муассисаи давлатии таълимӣ дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок карданд.

ТАШРИФИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МТ н. Ҷ. БАЛХӢ ВА н. ДУСТӢ ДАР РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД

Муҳассилин ҳамроҳи омӯзгоронашон аз шароити мусоиди таҳсил дар Коллеҷ аз наздик шинос шуда, бо донишҷӯён ва устодони ин муассиса дар хусуси фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, таълимгоҳ суҳбати озоду самимӣ доир кардаанд. Дар идома бо ширкати кормандону донишҷӯён мулоқоти судманд дар толори маҷлисгоҳ баргузор шуд, ки дар он довталабон ба саволҳои бешуморашон дар бораи фаъолияти гуногунҷабҳаи Коллеҷ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.



Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.


Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 ноябри 2007 №548 ба ҷои Литсейи касби саноати кишоварзии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Коллеҷи энергетикӣ таъсис дода шуд.

Муассисаи давдатии таълимии Коллеҷи энергетикӣ ба тобеияти Вазорати Энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуб мебошад.

Номгӯи шахсии расмӣ ҳуқӯқӣ: Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба қайд гирифта шудааст.

Баззаи таълимии Коллеҷи энергетикӣ чунин аст:

  •  3 Корпуси таълимӣ барои 640 ҷои нишаст:
  •  2 Хобгоҳи 4 ошёна барои 640 донишҷӯ:
  •  1 Толори фарҳангӣ барои 160 ҷойи нишаст:
  •  1 Толори варзишӣ бо майдончаҳои варзишии (футбол, волейбол, баскетбол ва майдончаҳои гимнастикӣ):
  •  Ошхона барои 140 ҷойи нишаст:
  •  Нуқтаи нигоҳдории техникӣ:
  •  2 Хобгоҳ (дорои 32 ҳуҷра) барои омӯзгорон ва кормандон:

Роҳбарият


Раҷабов Ҷӯрахон Маҳмадалиевич

Директор-номзади илмҳои педагогӣ




Раҷабов Боймаҳмад Ҷомаҳмадович

Ҷонишини директор оид ба таълим




Худойназаров Беҳруз Маҳмашарифович

Ҷонишини директор оид ба тарбия




Маълумотҳо барои тамос

Шумо метавонед барои маълумоти бештар ба мо муроҷиат кунед

374123 в. Хатлон, н. Ҷ. Балхӣ, шаҳраки Наврӯз

+992 93-572-73-73

info@keb.tj

2018-2022 © | Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифзшудаанд